Ссылки доступа

Раҳбарони 4 кишвар ба ҷавобгарӣ кашидани Башор Асадро талаб карданд


Война в Сирии (архив, октябрь 2019)
Война в Сирии (архив, октябрь 2019)

Раҳбарони Олмон, Фаронса, ИМА ва Бритониё 15 март бо нашри як изҳороти муштарак хостанд, президенти Сурия Башор Асад ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

"Ҳамлаҳои низомии режими Сурия бо дастгирии Русия ва Эрон боиси идома ёфтани фоҷеаи бесобиқаи инсонӣ дар ин кишвар хоҳад шуд", - иқтибос овардааст расонаи "Мавҷи Олмон" аз изҳорот.

Раҳбарони чаҳор кишвар аз ҳамтои сурии худ талаб кардаанд, ки қатъномаи 2254-и Шӯрои амнияти СММ-ро иҷро кунад. Ин қатънома эъломи оташбаси умумимиллӣ, ислоҳоти конститутсионӣ, раҳоии боздоштшудаҳо ва баргузории интихоботи шаффофро талаб мекунад.

Дар изҳорот омадааст, ки дар натиҷаи муборизаҳои мусаллаҳонаи Асад ба хотири ҳифзи қудрат 11 миллион нафар, наздики ними аҳолии Сурия маҷбур ба тарки хонаҳои худ шуда, беш аз 1 миллион каси дигар ҷон бохтаанд.

Дар Сурия моҳи марти соли 2011 нахуст эътирозҳои ҳукуматӣ оғоз шуда, сипас ба ҷанги шаҳрвандӣ печиданд. Мухолифон истеъфои президент Башор Асад ва баргузории интихоботи демократиро дар Сурия хостор шуданд.

XS
SM
MD
LG