Ссылки доступа

Ширкати атрсози Louis Vuitton маводи зидди уфунат истеҳсол мекунад


Бузургтарин ширкати истеҳсолкунандаи атр дар дунё - ширкати LVMH - ба истеҳсоли маводи зидди уфунатӣ шуруъ кард.

Ҳамакнун ин ширкат бар ивази атр ва маводи ороишии тамғаҳои Christian Dior, Guerlain ва Givenchy моеъи зидди уфунат истеҳсол мекунад.

Бернар Арно, президенти ширкат чунин тасмим гирифта ва маводи истеҳсолшуда ба ихтиёри давлати Фаронса супурда мешавад. Тақсими маводи истеҳсолкардаи ширкати мазкур ба 40 бемористони Порис аз имрӯз, 16 март оғоз мегардад. Моеъи зидди уфунатӣ ҳамон миқдоре истеҳсол мешавад, ки ба он зарурат хоҳад буд, хабар доданд дар ширкат.

Ба хотири пешгирӣ аз мубталошавӣ ба вируси корона табибон тавсия мекунанд, ки дастҳоро бояд бо собун ё моеъи назофатӣ шуст.

Дар Фаронса 120 кас дар пайи мубтало шудан ба вируси корона фавтидааст. Шумори умумии мубталошудаҳо ба 5400 кас мерасад.

XS
SM
MD
LG