Дар ин бора вазорати нақлиёти Ӯзбекистон хабар дод.
"Ба вижа, 1800 мусофир ба 17 хати сайри байналхалқӣ расонида шуда ва 15 март ширкати "Ӯзавтотранс Сервис" ба далели афзоиши шумори мусофирон, 35 хати сайри дигарро роҳандозӣ кард. Дар маҷмуъ, 70 хати сайр ба наздики 4 ҳазор мусофир хизмат мерасонад", - омадааст дар хабар.
Ба иттилои вазорат, бо назардошти талабот теъдоди автобусҳо дар вокзали шаҳри Тошканд бештар хоҳад шуд.
Ӯзбекистон баъди сабти нахустин ҳолати мубталошавӣ ба вируси корона дар ин кишвар, аз 16 март дар тамоми муассисаҳои таълимӣ таътил эълом кард.