Ба ин қатор ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳар сол дар айёми баҳор барои кор ба Русия мерафтанд, низ шомиланд. Аммо қарор ба дипломатҳо, ронандагони мошинҳои боркаши байналмилалӣ, сарнишинони ҳавопаймову киштиҳо, ҳайатҳои расмӣ, соҳибони санади иқомати доимӣ дар Русия ва ҳамчунин мусофироне, ки Русияро ба ҳайси масири транзитӣ интихоб кардаанд, дахл надорад.
То имрӯз дар Русия беш аз 90 мавриди гирифтор шудани сокинон ба вируси нав тасдиқ шудааст.
Дафтари матбуоти ҳукумати Русия 16-уми март гуфт, сарвазир Михаил Мишустин пеш аз эълони тасмим бо ҳамтоёнаш аз чанд кишвари пасошӯравӣ, аз ҷумла нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, суҳбати телефонӣ дошт. Мишустин ба ҳамтоёни худ гуфта, ки чораҳои андешидаи Русия муваққатӣ ва дар заминаи тавсияҳои Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ аст.
"Дар ҷараёни суҳбатҳо вазъияти вобаста ба вируси нав баррасӣ шуд. Мишустин раҳбарони ҳукуматҳоро хабардор кард, ки ҳукумати Русия барои таъмини амнияти давлат, ҳизфи сиҳҳатии мардум ва пешгирӣ аз сирояти коронавирус чунин тасмим гирифт", - омадааст дар хабари расмӣ.
Ин тасмим дар ҳоле гирифта шудааст, ки моҳҳои апрелу май мавсими баҳории рафтани муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия аст. Аксари онҳо ҳаққи шаҳрвандӣ ё санади иқомати доимии Русияро надоранд ва ин қарор роҳи онҳоро ба қаламрави ин кишвар муваққатан баст.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, соли гузашта тақрибан ним миллион аҳолии кишвар ба хориҷа, аз ҷумла Русия рафтаанд. Муҳоҷирони кории тоҷик соли гузашта ба воситаи бонкҳо ба кишвар 2,7 миллиард доллар фиристоданд.
Коронавирус, ки охири соли гузашта дар Чин кашф шуд, то кунун дар даҳҳо кишвари ҷаҳон ба беш аз 160 ҳазор нафар сироят карда, боис ба марги беш аз шаш ҳазор нафар шудааст. Мақомоти кишварҳо мегӯянд, коронавирус натанҳо боис ба талафоти ҷонӣ шудааст, балки ба иқтисоди кишварҳо низ зарбаи сахте задааст.