Ссылки доступа

Рӯзноманигори озарбойҷонӣ Афғон Мухторлӣ озод шуд


Дигарандеш ва рӯзноманигори машҳури озарбойҷонӣ Афғон Мухторлӣ, ки соли 2018 шаш сол аз озодӣ маҳрум гашта буд, озод шуд. Дар ин бора бародари рӯзноманигор Рамазон Мухторлӣ иттилоъ дод.

Расонаи OC Media бо истинод ба Рамазон Мухторлӣ иттилоъ додааст, ки рӯзноманигор пас аз озод шуданаш ба Олмон рафтааст.

Мухторлӣ ва ҳамсари ӯ соли 2015, баъди гузоришҳо дар бораи фасодкории ҳалқаи наздик ба президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ва нигарониҳои амниятӣ ба Гурҷистон фирор карданд.

Рӯзноманигор 29-уми майи соли 2017 дар Тифлис нопадид ва чанд рӯз баъд дар Озарбойҷон пайдо шуд. Ӯро чанд нафар рабуда, ба ватан интиқол доданд. Мақомоти Озарбойҷон дертар эълон карданд, ки Мухторлӣ бо ҷурми убури ғайриқонунии марз ва қочоқи пул дар боздоштгоҳи шаҳри Боку аст.

Имидж – все. Почему азербайджанские правозащитники и независимые журналисты попадают в тюрьму
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:27:35 0:00

Вазири умури дохилии вақти Гурҷистон гуфт, намедонад, ки рӯзноманигори озарбойҷонӣ чи гуна марзро убур кардааст. Ба гуфтаи ӯ, муфаттишон дар робита ба қазияи Мухторлӣ, 343 шоҳид, аз ҷумла 61 марзбонро бозпурсӣ ва навори даҳҳо дурбини назоратиро дар маркази Тифлис омӯхтанд, вале далеле наёфтанд, ки рабуда шудани рӯзноманигори озариро исбот кунад.

Мухолифони Гурҷистон борҳо рабуда шудани рӯзноманигори озариро матраҳ карда, истеъфои мансабдорони баландпояро дар ин кишвар талаб карданд. Онҳо гуфтанд, тасмими рабуда шудани рӯзноманигор дар сатҳи боло гирифта шуда, мақомоти махсуси Гурҷистон дар ин қазия даст доранд ё ба он чашм пӯшидаанд. Вале Тифлис инро рад мекард.

XS
SM
MD
LG