Ссылки доступа

Қирғизистон воридоти ниқобҳои тиббиро аз пардохти андоз озод кард


Воридоти ниқобҳои тиббиро ба Қирғизистон аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карданд. Ҳукумати Қирғизистон хабар медиҳад, сарвазири он кишвар Муҳаммадқулӣ Абилғозиев чунин қарореро 17 март имзо кардааст.

Гуфта мешавад, ин қарор бо ҳадафи таъмини сокинон бо маводи тиббӣ қабул шудааст.

Ҳаҷми андоз аз арзиши иловашуда дар Қирғизистон 12% ташкил медиҳад.

Ба далели боло рафтани талабот қимати ниқобҳои тиббӣ дар дорухонаҳои шаҳри Бишкеки Қирғизистон гарон шудааст.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ 11 март коронавирусро вабои фарогир унвон кард.

XS
SM
MD
LG