Ссылки доступа

Огоҳии додситонии Қазоқистон дар бораи ҷавобгарии вайронсозии ҳолати изтирорӣ


Додситонии кулли Қазоқистон сокинонро огоҳ кард, ки риоя накардани талаботи ҳолати изтирорӣ ҷавобгарӣ дар пай дорад.

Мақомоти Қазоқистон баъди сабти нахустин ҳолатҳои гирифтории шаҳрвандони он кишвар ба вируси корона, охири ҳафта гузашта дар саросари Қазоқистон ҳолати фавқулода эълом карданд.

Аз 16 март то 15 апрел дар Қазоқистон вазъи изтирорӣ эълом ва воридшавию хориҷшавӣ маҳдуд шудааст. Мақомоти Қазоқистон ҳамчунин аз рӯзи 19 март ду шаҳри ин кишвар - Нурсултон ва Алматоро ба карантин мегиранд.

Додситонии Қазоқистон огоҳ кардааст, ки барои вайрон кардани талаботи ҳолати изтирорӣ 60 доллари ИМА ҷарима ва ё то 15 рӯз ҳабси маъмурӣ пешбинӣ шудааст.

Нахустин ҳолатҳои гирифтории сокинони Қазоқистон ба вируси корона 13 март ошкор шуд. Субҳи 18 март шумори гирифторон ба 35 кас расид.

XS
SM
MD
LG