Ссылки доступа

"Гузоришгарони бидуни марз" аз мақомоти қазоқ хост, ба таъқиби Инга Имонбой хотима бахшанд


Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи "Гузоришгарони бидуни марз" мақомоти Қазоқистонро даъват кард, ки аз "таъқиби рӯзноманигори мухолиф Инга Имонбой" даст бардоранд.

Инга Имонбой иддао дорад, ки ҳангоми кӯшиши сабти ҷараёни боздошти шавҳараш мавриди ҳамла қарор гирифта, аз симмати сармуҳарририи нашрияи "Жас Алаш" таҳти фишори мақомот барканор шудааст.

Дар изҳороти созмон даъват шудааст, ки ҳамла ба рӯзноманигори мухолифи қазоқ "шаффофу муассир" таҳқиқ карда шавад.

Ба навиштаи "Гузоришгарони бидуни марз", мақомоти пулиси Қазоқистон баъди шикояти Инга Имонбой, ки 1 марти соли равон муроҷиат карда буд, то ҳол ҳеч чорае наандешидаанд. Жанна Кавеле, раҳбари бахши "Гузоришгарони бидуни марз" дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ гуфт, "барои мубоҳисаҳои демократӣ ва раванди боэътимоди ислоҳоте, ки президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев аз он мегӯяд, воситаҳои ахбори омми озод хеле муҳим аст".

Шавҳари Инга Имонбой - Ҷонболат Мамай раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби сабтиномнашудаи демократии Қазоқистон аст, ки 22 феврал анҷумани муассисони он бекор карда шуд. Созмондиҳандагони анҷуман гуфтанд, баргузории онро ба иллати фишори бесобиқаи мақомот бекор карданд. Мамайро кормандони пулис дар либоси мулкӣ 1 март дар ҷараёни ҳамоиши эътирозие хостанд боздошт кунанд, ки бо даъвати чанд гуруҳи сиёсӣ баргузор мешуд.

XS
SM
MD
LG