22 апрел ба рӯзи чаҳоршанбе рост меояд, аммо дар Русия рӯзи истироҳат эълом шудааст.
Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл хабар дод, ки "дар сурати густариши бештари коронавирус" дар Русия, раъйдиҳӣ мумкин аст, ба рӯзи дигар таъйин шавад.
Дар Русия расман 114 ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт шудааст. Дар бештари шаҳрҳои он кишвар чорабиниҳои оммавӣ манъ ва муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ баста шудаанд.
Тағйирот ба Конститутсияро моҳи январи соли ҷорӣ худи Путин пешниҳод кард. Он замон вай гуфта буд, ки ба тағйирот на танҳо порлумон, балки шаҳрвандон ҳам бояд раъй диҳанд, ҳарчанд Конститутсияи феълии Русия инро талаб намекунад.
Порлумони Русия бекорсозии муҳлатҳои пешини президентии Путинро қабул кард. Ин банд ба Путин имкон медиҳад, ки дар соли 2024 бори дигар ба мақоми президентӣ номзад шавад ва дар сурати пирӯзӣ, дар соли 2036 ҳам метавонад номзадиашро ба мақоми президентӣ пешбарӣ кунад.
Ин ва меъёрҳои дигари тағйирот ба Конститутсияро мухолифон, фаъолони ҷамъиятӣ ва ҳуқуқдонҳо интиқод карданд. Ба гуфтаи онҳо, тағйирот хилофи Констиутсияи кунунӣ аст.