Дар ин бора аз Додгоҳи олии Ӯзбекистон хабар доданд.
Гулнора Каримова бо айбҳои тамаъҷӯӣ, азхудсозӣ, исрофкорӣ, қонунисозии даромадҳои номашруъ 13 солу 4 моҳ зиндонӣ шуд.
Додгоҳ гуфт, муҳлати зиндони Каримова аз 21 августи соли 2015 ҳисоб карда мешавад.
Рӯзи 18 март додгоҳ ҳамзамон чанд тан аз шарикони Гулнора Каримоваро зиндонӣ кард.
Ба ин тартиб, Н. Садиков 20 сол, О. Свиридов 17 солу 3 моҳ, А. Эргашев 18 солу 1 моҳ, Ш. Собиров 17 солу 1 моҳ, Г. Авакян 5 солу 3 моҳ зиндонӣ шуданд.