Сокинони "Сункар" ҳақ надоранд, давоми 15 рӯзи оянда биноро тарк кунанд. Муовини раиси шаҳри Алмато Ержан Бобокумаров дар суҳбат бо сомонаи интернетии "Vласт" гуфтааст, "маҷмааи зист ба хотири пешгирӣ аз паҳни коронавирус ба карантин гирифта шуд".
Аз 19 март дар шаҳрҳои Алмато ва Нурсултони Қазоқистон ба далели паҳни коронавирус карантин эълом ва дастрасӣ ба онҳо маҳдуд хоҳад шуд. Фаъолияти марказҳои тиҷориву фурӯшгоҳҳои бузург маҳдуд, баргузории чорабиниҳои оммавӣ ва вуруду берун рафтан аз ин кишвар манъ гашт. Мулоқотҳои ҳукуматӣ ва нишастҳои хабарӣ онлайнӣ баргузор мешаванд. Мақомоти қазоқ мегӯянд, аз 22 март ҳаракати қатора ва парвози ҳавопаймоҳоро пурра қатъ мекунанд.
Дар ҳоли ҳозир шумори умумии онҳое, ки дар саросари ҷаҳон ба коронавирус мубтало шудаанд, ба беш аз 218 ҳазор мерасад. Теъдоди қурбониён ба 9 ҳазор расида, 84 ҳазор одам аз вирус шифо ёфтаанд. Дар Қазоқистон 36 ҳолати мубталошавӣ ба вируси нав қайд шудааст.