Ссылки доступа

Раиси пешини "Казатомпром" пеш аз муҳлат аз зиндон озод шуд


Раиси пешини ширкати миллии "Қазатомпром"-и Қазоқистон Мухтор Ҷакишевро, ки соли 2009 14 сол зиндонӣ шуда буд, шартан пеш аз муҳлат озод карданд. Ӯро дар баромадгоҳи зиндони шаҳри Семей даҳҳо фаъоли мадании қазоқ пешвоз гирифтанд.

Ҷакиш ба суоли он ки ба шаҳри Алмато бармегардад, посухи мусбат дода, аз ҳамаи онҳое сипосгузорӣ кард, ки ӯро дастгирӣ намуданд. Барои пешвози Ҷакишев фаъолон аз дигар ноҳияҳо рафта буданд.

Пештар аз ин додгоҳи вилояти Қазоқистони Шарқӣ дархости пеш аз муҳлат аз зиндон озод шудани Мухтор Ҷакишевро рад кард. Ҷакишев аз соли 2009 ба ин тараф дар зиндон буд.

Додгоҳи Қазоқистон 24 июли соли 2019 ва моҳи ноябри соли 2018 низ дархости озодии Ҷакишевро рад карда буд. Дар охири моҳи сентябри соли 2018 аз се ду ҳиссаи муҳлати зиндони Ҷакишев ба итмом расид ва вай ба ин далел дархости раҳоии пеш аз муҳлатро мекард.

Додгоҳ соли 2009 ӯро бо айби фасодкорӣ 14 сол зиндонӣ кард. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ соли 2013 Ҷакишевро маҳбуси сиёсӣ эътироф карданд. Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар соли 2015 аз мақомоти Қазоқистон хоста буд, ки Ҷакишевро озод кунанд.

XS
SM
MD
LG