Ссылки доступа

Қирғизистониҳо дар 3 рӯз 3,5 млн ниқоби тиббӣ харидаанд


Сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев дар ҷаласаи порлумон оид ба тадбирҳои пешгирӣ аз паҳни коронавирус гуфт, рӯзона дар Қирғизистон 70 ҳазор ниқоби тиббӣ ба фурӯш бароварда мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, сокинони ин кишвар дар натиҷаи мавҷи ҳангомаҳо дар се рӯз 3,5 миллион ниқоби тиббӣ харидаанд.

"Ҳолатҳои кушиши харидории миллионҳо ниқоб ва фурӯши онҳо ба кишварҳои хориҷ низ буданд. Пулис 1,5 миллион ниқоби тиббиро ошкор кард. Ҳаннотон мехостанд, онро ба давлат ё баъди болоравии нархҳо фурӯшанд", - изҳор дошт Абилғозиев.

Дар Қирғизистон пас аз расонаӣ шудани хабарҳо дар бораи паҳни коронавирус талабот ба ниқобҳои тиббӣ якбора боло рафт. Нархи як дона ниқоб, ки 5-7 сом буд, то ба 20-30 сом (ҳудуди 4 сомонӣ) гарон шуд. Рӯзҳои ахир камчин шудани ниқобҳо дар дорухонаҳо низ мушоҳида мешавад.

XS
SM
MD
LG