Ссылки доступа

Ӯзбекистониҳои аз хориҷ баргашта аз шароити карантин шикоят доранд (видео)


Ӯзбекистониҳое, ки аз хориҷ ба ватан баргаштаанд, аз шароити нигаҳдорӣ дар карантин шикоят доранд.

Сокинони Ӯзбекистонро, ки 18 март аз Москва баргаштанд, дар як истироҳатгоҳи кӯдакона дар шаҳри Чирчики вилояти Тошканд ҷо карданд. Бархе аз онҳо гуфтанд, аз шароити нигаҳдорӣ дар ин истироҳатгоҳ норозӣ ҳастанд.

"Мавҷи телефон дуруст дастрас нест, ҳеч шароите барои одамон фароҳам нашудааст, бино ниҳоят сард аст. Деворҳо бориканд аз ҳамин хотир, дохили утоқҳо сард аст", - навишт як зан, ки дар ин истироҳатгоҳ ба карантин гирифта шудааст.

Вай гуфт, бештар аз 200 касро дар истироҳатгоҳи мазкур ба карантин гирифтаанд.

"Васоили беҳдоштӣ намерасад. Дар утоқҳои хурд то 5 касро ҷо кардаанд. Оё инро карантин гуфтан мумкин аст? Ҳоҷатхона умумӣ аст, ҳам марду ҳам зан ва ҳам кӯдакон аз он истифода мекунанд. Ҳаммом низ умумӣ аст", - гуфт вай.

Возвращенные на родину узбекистанцы жалуются на условия содержания в карантине
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:07:56 0:00

Рахтҳои истироҳатгоҳ барои кӯдакон пешбинӣ шудааст, аммо айни ҳол калонсолонро дар чунин рахтҳо ҷо кардаанд.

Сокинони дигари Ӯзбекистон, ки низ 18 март аз Дубай баргаштанд, дар истироҳатгоҳи "Кибрай"-и вилояти Тошканд ҷо шудаанд. Ин сокинон низ аз шароити нигаҳдорӣ қонеъ нестанд.

XS
SM
MD
LG