Ссылки доступа

Трамп барои мубориза бо вируси корона уҳдадориҳои низомиро соҳиб шуд


Доналд Трамп, президенти ИМА барои муттаҳидгардонии саноат дар мубориза зидди вируси корона уҳдадориҳои изтирориро соҳиб шуд. Ин тасмим дар пайи густариши таъсири вабои фарогир қабул шудааст.

Трамп бо истифодаи аз Қонун дар бораи саноати низомӣ, ки соли 1950 қабул шудааст, худро "президенти давраи низомӣ" эълом кард. Қонуни мазкур, ки дар замони Ҷанги Куриё бо ИМА қабул шуда буд, ба президент имкон медиҳад, аз соҳаи саноат истеҳсоли маводи ҳаётан муҳимро талаб кунад. Айни ҳол маводи ҳаётан муҳим васоили беҳдоштӣ, ниқобҳои тиббӣ, дастгоҳҳои нафаси сунъӣ ва дигар васоили мубориза бо вируси корона унвон шудааст.

Трамп гуфт, танҳо дар сурати бадтар шудани вазъи вируси корона қонуни мазкур дар амал татбиқ мешавад. "Умедворам, зарурате пеш нахоҳад омад", - навишт Трамп дар твиттер.

"Ин - ҷанг аст", - навишт Трамп. Вай мубориза бо вируси коронаро бо тадбирҳое баробар кард, ки дар замони Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ андешида шуда буданд. Трамп ҳамчунин аз қурбониҳои умумимиллии эҳтимолӣ хабар дод.

Дар ИМА бештар аз 9 ҳазор ҳолати гирифторӣ ба вируси корона ва 139 ҳолати марг аз ин вирус сабт шудааст. Трамп пештар аз ин гуфта буд, мумкин аст, равуо дар дохили Амрико маҳдуд шавад. ИМА ҳамзамон додани визаро қатъ кард.

Рӯзи сешанбе олимони Донишгоҳи Оксфорд эълом карданд, усулеро ихтироъ кардаанд, ки давоми 30 дақиқа натиҷаи ташхиси коронаро муайян мекунад. Дар ҳамин ҳол, олимони Донишкадаи Пастери Дакар усули дигареро ихтироъ кардаанд, ки давоми 10 дақиқа ин гуна ташхисро медиҳад. Аммо ин ташхис 1 доллар арзиш дорад.

Намунаҳои воксини зидди вируси корона дар ИМА ва Исроил истифода шудааст. Аммо ҳатто дар сурати муваффақона будани ин воксин, танҳо миёнаҳои соли оянда он вориди бозор мешавад. Русияву Бритониё ҳам барои ихтирои воксини худ талош доранд.

Дар саросари дунё ҳудуди 219 ҳазор кас ба вируси корона гирифтор ва бештар аз 9 ҳазор аз он фавтидааст.

XS
SM
MD
LG