Маҷмаии "Сункар" шоми 18 март карантин шуд ва субҳи 19 март муовини шаҳрдори Алмато Ержан Бабакумаров гуфт, биноҳои зисти 42, 42а ва 68-и шаҳр низ ба карантин гирифта шуданд.
Раиси Сенати порлумони Қазоқистон Дариға Назарбоева эъломи карантин дар Алмато ва Нурсултонро "чораи саривақтӣ ва муҳим номид".
"Вазифаи давлат ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти шаҳрвандон, таъмини амалкарди иқтисод ва бозори истеъмолгарон аст", - изҳор дошт духтари Нурсултон Назарбоев. Ба гуфтаи ӯ, "барои муборизаи комёб бо коронавирус ирода ва ҷасорат лозим аст.
Дар шаҳрҳои Алмато ва Нурсултони Қазоқистон аз шаби 19 март карантин ҷорӣ шуд. Гардиши нақлиёт ва одамон дар дохили шаҳр маҳдуд намешавад. Нақлиёти ҷамъиятӣ дар гардиш аст. Аммо фаъолияти марказҳои тиҷориву дилхушӣ, бозорҳои масолеҳи сохтмониву молу матоъ қатъ мешавад. Нуқтаҳои ғизои умумӣ ва тарабхонаҳо метавонанд, ғизоро ба манзили сокинон расонанд.
Мақомоти Алмато ба сокинон тавсия доданд, ки "аз манзил берун нараванд". Бино ба иттилои охир, дар Қазоқистон 44 ҳолати гирифторӣ ба вируси корона - 19 ҳолат дар Алмато ва 25 ҳолат дар Нурсултон сабт шудааст.
Мақомоти Қазоқистон аз 16 март то 15 апрел, бо ҳадафи пешигирӣ аз паҳншавии вируси корона, дар саросари кишвар ҳолати изтирорӣ эълом карданд.