Ссылки доступа

Дабири СММ муборизаи ҷаҳонии зидди вируси коронаро эълом кард


Антониу Гутерреш, дабири кулли СММ гуфт, ҷаҳон дар рӯ ба рӯи душмани умумӣ - уфунати коронавирус қарор дорад.

"Ҷаҳон вориди вазъи бесобиқае шудааст ва қоидаҳои одӣ дигар ба дард намехӯранд. Василаҳои маъмулиро намешавад дар замони ғайримаъмулӣ истифода кард", - гуфт Антониу Гутерриш дар як суҳбати видеоӣ бо рӯзноманигорон.

"COVID-19 одамонро мекушад, иқтисодро хароб мекунад, ба тиҷорату ҷойҳои корӣ зарба мезанад. Кишварҳо ва шаҳрҳо дар инзиво қарор гирифтаанд. Марзҳо бастаанд. Ширкатҳо бо тамоми неру талоши боқӣ мондан дар тиҷоратро доранд ва хонаводаҳо талоши зинда монданро", - афзуд дабири кулли СММ,

Вай аз роҳбарони кишварҳои Бистгонаи бузург даъват кард, ки ба буҳрони ҷаҳонӣ посухи фаврӣ ва ҳамоҳангшуда бидиҳанд.

Гутерриш рафъи хатар ба саломатии инсонҳо, пуштибонии иҷтимоӣ ва барқарории иқтисодро аз иқдомҳои аввалия унвон кард. "Ҳатто дар кишварҳои пешрафтатарин мо мебинем, ки низоми ҳифзи сиҳатӣ дар чунин вазъ тоб намеорад. Харҷи ҳифзи сиҳатӣ бояд фавран бештар ва сохтмони бемористонҳо зиёд ва кумак ба кормандони тиббӣ афзуда шавад. Инчунин маводи тиббӣ ба ҳамаи ниёзмандон расонида шавад", - илова кард дабири кулли СММ.

Ба гуфтаи вай, уфти иқтисодӣ, ки дар пайи хуруҷи вируси корона ба миён омад, беш аз ҳама ба кишварҳои дар ҳоли рушд ва занону кӯдакон таъсир мерасонад. "Дар саросари дунё мо бояд ба кишварҳое кӯмаки молӣ расонем, ки дар вазъи нохуби молӣ қарор доранд. Сандуқи байналхалқии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва дигар ниҳодҳои ҷаҳонии молӣ дар ин кор нақши калидӣ доранд", - гуфт вай.

Ин дар ҳолест, ки Арабистони Саудӣ бо ҳадафи ҳамоҳангсозии вокуниш ба вабои COVID-19 фардо саммити "Бистгонаи бузург"-ро даъват мекунад.

Вируси корона дар охирҳои соли гузашта дар Чин пайдо шуд. Ҳанӯз таҳқиқоти густурда ва дақиқе дар мавриди сабабҳо ва маркази оғози ошкор шудани вирус ироа нашудааст, аммо шаҳри Вуҳан дар вилояти Хубейи Чин, маркази аслии паҳншавии он гуфта мешавад. То кунун ин вирус ба 140 кишвари дунё расидааст. Танҳо рӯзи панҷшанбеи 19 март аз вируси корона дар саросари дунё 1000 кас фавтид. Дар маҷмуъ аз аввали хуруҷ наздики 10 ҳазор кас қурбони ин вирус шудааст. Айни ҳол шумори гирифторон ба он дар саросари дунё ба 237 ҳазор кас мерасад.

XS
SM
MD
LG