Ссылки доступа

Доллар дар нуқтаҳои табодули асъори Қазоқистон гарон ва камчин шуд


Дар бисёре аз нуқтаҳои табодули асъор дар пойтахти Қазоқистон субҳи рӯзи ҷумъа арзиши 1 доллари ИМА ба 456 танга баробар шуд.

Аммо қурби расмӣ дар сатҳи 448,5 танга боқӣ мондааст.

Сар аз 9 март ба ин тараф тангаи қазоқӣ дар нисбати доллар наздики 16 дарсади арзишашро аз даст дод. Бештаре аз нуқтаҳои табодули асъор дар шаҳрҳои Алматову Нурсултони Қазоқистон фурӯши долларро қатъ кардаанд.

XS
SM
MD
LG