Ссылки доступа

Навбат нест, аммо нархи маҳсулот дар бозорҳои Тоҷикистон рӯ ба болост (видео)


Бархе аз сокинон аз болоравии нархи маҳсулот дар як ҳафтаи ахир дар бозорҳои Тоҷикистон нигаронанд. Онҳо мегӯянд, ҳарчанд ин шабу рӯз барои харидани маҳсулот навбатпоӣ ё ҷанҷол нест, нархи ҳама навъи маводи ғизоӣ рӯ ба болост.

Тоҷирон ва масъулони бозорҳои шаҳри Душанбе вазъиятро ба афзоиши қурби доллар дар ҷаҳон ва манъу кам шудани воридоти мавод, аз ҷумла картошка аз Покистон рабт медиҳанд.

Тоҷирон болоравии нархро тасдиқ мекунанд ва мегӯянд, як сабабаш афзоиши қурби доллар дар ҷаҳон аст. Қурби расмии доллар дар Тоҷикистон дар як ҳафтаи ахир аз 970 сомонӣ ба 1020 сомонӣ баробар шуд.

Нусратулло Раҳматшоев, мудири шуъбаи савдо ва захираҳои бозори “Саховат” дар Душанбе, рӯзи 24-уми март сабабҳои дигари гароншавии нархи маҳсулоте ба монанди картошкаро ингуна баршумурд: "Картошка аз Покистон ворид карда мешуд. Дар Афғонистон ҳам барф зиёд шудаву гузаргоҳҳо баста шуданд ва аз сабаби ворид нашудан нарх каме боло рафт. Аз сӯйи дигар ҳоло вақти кишту кор аст ва талабот ҳам каме боло рафтааст."

Аммо сокинон мегӯянд, танҳо нархи картошка тағйир накардааст. Ба қавли онҳо, дар як ҳафтаи ахир нархи як халта орд аз 180-190 сомонӣ то ба 205-230 сомонӣ расидааст.

Онҳое, ки ба тиҷорати орд машғуланд, сабаби ин болоравиро ба афзоиши нархи сӯзишворӣ ва хароҷоти дигар барои овардани орд то пойтахт рабт медиҳанд.

Почему в Таджикистане подорожали продукты
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:14 0:00

Мақомот мегӯянд, ҳоло дар бозорҳои калони шаҳр намоишгоҳ ё ярмаркаи фурӯши маводи ниёзи аввалро ташкил кардаанд. Маъмулан чунин намоишгоҳҳо барои танзими нарх дар айёми ҷашну идҳо ташкил мешуд. Масъулини бозорҳо гуфтанд, вобаста ба вазъи феълӣ ва ҳангомаҳо дар робита ба коронавирусу харидории бесобиқаи орд маҷбур шуданд, намоишгоҳҳои фурӯши маводи ғизоиро доимӣ кунанд.

Дар ин намоишгоҳҳо ба гуфтаи масъулин нарх то 10-15 дар сад арзонтар аст. Сокинон мегӯянд, чунин гӯшаҳо на дар ҳама бозорҳо ва на дар ҳамаи минтақаҳо фаъол аст ва биноан ҳамаро фаро намегирад.

Таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки имкон дорад, бо идомаи ин вазъ, басташавии марзҳо ва ҷаҳиши қурби доллар, нарх дар бозор боз ҳам болотар равад. Аммо мақомот мегӯянд, барои муқобила бо ин вазъ барномаи хос доранд ва намегузоранд маҳсулот дар бозорҳо камчин шуда, нарх беш аз ҳад боло равад.

XS
SM
MD
LG