Ссылки доступа

Туркия дар куштори Ҷамол Хошуқчӣ 20 касро айбдор кард


Ҷамол Хошуқчӣ
Ҷамол Хошуқчӣ

Додситонии кулли Туркия дар робита ба куштори рӯзноманигори саудӣ Ҷамол Хошуқчӣ зидди 20 кас айб эълом кард. Дар ҳоли ҳозир санаи оғози мурофиаҳои додгоҳӣ маълум нест ва ба бештари гумонбарон ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Яке аз гумонбарони асосӣ дар куштори рӯзноманигор мушовири пешини валиаҳди Арабистони Саудӣ ба ҳисоб меравад.

Ҷамол Хошуқчӣ бо нашрияи The Washington Post ҳамкорӣ ва сиёсатҳои Риёзро танқид мекард. Рӯзноманигорро 2 октябри соли 2018 дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамбул куштанд. Вале ҷасади ӯ то ҳол пайдо нашудааст.

Ангушти иттиҳом ба сӯи валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон баланд шудааст. Аммо Риёз даст доштани валиаҳдро дар ин ҳодиса рад мекунад. Мақомоти Арабистони Саудӣ дар робита ба қатли Хошуқчӣ 21 нафарро дастгир карданд. Боздоштшудаҳо даст доштани худро дар ин ҷиноят рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG