Ссылки доступа

Ҳукумати Афғонистон “рӯ ба рӯ” бо толибон озодии маҳбусонро баррасӣ мекунад


Мансабдорони ҳукумати Афғонистон дар рӯзҳои наздик бо намояндагони толибон мулоқот ва оғози раҳоии маҳбусонро баррасӣ мекунанд.

Дар ин бора Шӯрои амнияти миллии Афғонистон хабар дод.

“Дар рӯзҳои наздик тими толибон бо ҳукумати Афғонистон мулоқоти рӯ ба рӯ анҷом ва озодии 100 маҳбусро то санаи 31 март муҳокима мекунад”, - навишт намояндаи расмии Шӯро Ҷовид Файсал дар твиттер.

Вай илова кард, аз толибон кафолат гирифта мешавад, ки маҳсубони озодшуда дубора ба майдони ҷанг бар нахоҳанд гашт.

Суҳайл Шоҳин, намояндаи толибон дар твиттер навишт, ки “озодии маҳбусон амалан аз охири моҳи март шуруъ мешавад”. Вай гуфт, тими толибон ба самти маҳбаси “Багром” дар шимоли шаҳри Кобул равона мешавад, ки мақомоти Афғонистон толибони зиёдеро онҷо нигаҳдорӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG