Масъулони сафоратҳо мегӯянд, ҳанӯз ба таври маъмулӣ фаъолият доранд, аммо баъзе аз бахши кори худро муваққатан боздоштанд. Аз ҷумла, сафорати Амрикову Олмон пешниҳоди раводид ё визаро қатъ кардаанд.
Вируси нави корона, ки то ин дам боис ба марги беш аз бист ҳазор нафар шуд, нигарониҳои ҷиддиро ба миён овардааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ягон мавриди гирифторӣ ба бемории КОВИД 19-ро сабт накарданд.
Масъулони баъзе аз намояндагиҳои дипломатӣ гуфтанд, поёни таътилҳои наврӯзиро интизоранд ва баъд аз он тасмим мегиранд, ки ба чӣ шакл ба корашонро идома диҳанд.
Эрик Пагнер, мудири шуъбаи робита бо ҷомеаи Сафорати Амрико рӯзи 26-уми март гуфт, баъзе аз кормандони сафорат акнун ба тариқи фосилавӣ кор мекунанд. Ҷаноби Пагнер гуфт, ин кор бо истифода аз таҷрибаҳои маъмул дар ҷаҳон сурат мегирад, ки имкон медиҳад, баъзе кормандон ба кори фосилавӣ гузаронида шаванд.
Эрик Пагнер ҳамчунин гуфт, феълан додани виза ё раводиди Амрико дар Тоҷикистон бас шуда, маълум нест, ки кай аз сар гирифта мешавад.
Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҳам фаъолияти худро ба сурати фосилавӣ иваз кардааст.
Як манбаъ дар дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо шарти ифшо нашудани номаш гуфт, аз дирӯз тавассути интернет ва аз хона кор мекунанд. Манбаъ гуфт, "феълан дар дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе шумори ками кормандон машғули кор ҳастанд, дигарон аз хона кор мекунанд."
Ҳамсуҳбати мо гуфт, ҳоло дақиқ нест, ки чунин шеваи кор то чӣ замоне идома хоҳад дошт.
Дар ин миён сафоратҳои бархе аз кишварҳо, ки дар онҳо бемории коронавирусро сабт кардаанд, изҳор доштанд, ки фаъолияти худро ҳамчунон идома медиҳанд. Намояндаи сафорати Қатар дар Душанбе гуфт, гирифтории иддае аз сокинони ин кишвар ба коронавирус барои идомаи фаъолияти сафорат монеъ нашудааст.
Жаниш Рустенбеков, сафири Қирғизистон дар Душанбе, дар шарҳи ин мавзӯъ гуфт, сафорат ба таври маъмулӣ фаъолият мекунад.
Дар сафорати Русия дар Тоҷикистон гуфтанд, ки дар кори онҳо ҳеч маҳдудият роҳандозӣ нашудааст. Ҳарчанд Владимир Путин, раиси ҷумҳури ин кишвар рӯзи 25-уми март дар муроҷиати телевизионии худ бахшида ба чораҳои зидди коронавирус аз таътили ҳамаи муассисаҳо ва корхонаҳо то 5-уми апрели имсол хабар дод.
Дар ҳамин ҳол, Абдумалик Қодиров, роҳбари намояндагии созмони амрикоии “Интернюс” дар Тоҷикистон гуфт, то таътилҳои наврӯзӣ ҳамаи кормандони дафтари ин созмон дар Душанбе ба фаъолияти фосилавӣ гузаштаанд. Ба гуфтаи вай, ин муқаррарот то 13-уми апрел аст ва зарур ояд, давом дода мешавад.