Ссылки доступа

Путин дар ҷаласаи G20 эъломи моратория ба таҳримҳоро пешниҳод кард


Президенти Русия Владимир Путин дар ҷаласаи видеоии раҳбарони кишварҳои "Бистгонаи бузург" (G20) пешниҳод кард, ки таҳримҳои байналмилалӣ дар робита ба воридоти дору, маҳсулоти ғизоӣ, таҷҳизот ва техникаҳо бекор карда шаванд.

"Мо бояд ба маҳдудиятҳое, ки ба маҳсулоти ниёзи аввал ё интиқоли пул барои хариди онҳо рабт доранд, моратория эълом кунем", - афзуд Путин.

Дар Русия аз соли 2014 таҳримҳои ҷавобие амал карда, воридоти маҳсулот, аз ҷумла ғизоиро аз кишварҳое манъ мекунад, ки зидди Москва ба иллати ғасби Қрим ва низои Донбасс таҳрим эълом кардаанд.

Путин ҳамчунин пешниҳод кард, ки институтҳои байналмилалӣ ба хотири муассиртар шудани муборизаҳо бо буҳрон аз нав таъсис дода шаванд. Вале идеяи дақиқеро пешниҳод накард.

Ба гуфтаи сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков, дар суҳбати Путин бо ҳамтои фаронсавияш Эммануэл Макрон масъалаи бекор кардани таҳримҳо баррасӣ нашудааст.

Вазири умури хориҷии Украина Дмитрий Кулеба пештар изҳори нигаронӣ карда буд, ки эҳтимол дорад, Русия аз паҳни коронавирус сӯистифода карда, сабуктар ё лағви таҳримҳоро аз Иттиҳоди Аврупо дархост кунад.

Дар ҷаласаи видеоии раҳбарони кишварҳои "Бистгонаи бузург" изҳороти муштараке қабул шуда, дар он аз ҷумла омадааст, кишварҳои мазкур омодаанд, барои мубориза бо коронавирус 5 триллион доллар ҷудо кунанд. Ҳамчунин ваъда дода шудааст, ки ҷустуҷӯи воксинаро зидди коронавирус ҳамоҳанг хоҳанд кард.

То шоми 26 март дар ҷаҳон беш аз 520 ҳазор одам ба коронавирус мубтало шудааст. Дар давоми як шабонарӯзи ахир шумори онҳо тақрибан 50 ҳазор афзоиш ёфтааст, ки рекордӣ мебошад. Беш аз 23 ҳазор одам аз он ҷон бохтаанд.

XS
SM
MD
LG