Мубталошавии дастаҷамъии табибони қирғиз ба коронавирус таҳқиқ мешавад

Вазорати тандурустии Қирғизистон мегӯяд, барои таҳқиқи мубталошавии дастаҷамъии кормандони тиббӣ дар вилояти Ӯши ин кишвар гуруҳи махсус ташкил шуд.

Ба огаҳии вазорат, ин гуруҳи мутахассисон ҳар як ҳолати мубталошавии кормандони муассисаҳои тиббии Ӯш ба коронавирусро алоҳида таҳқиқ карда, гузориш хоҳанд дод.

Дар миёни ин кормандон табибон, ҳамшираҳо, кормандони озмоишгоҳҳо ва эпидемиологӣ низ ҳастанд.

Дар Қирғизистон то 8 апрели соли равон 34 корманди тиббӣ ба коронавирус мубтало шудаанд, ки 21 ҳолати он дар вилояти Ӯш ба қайд гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG