Ссылки доступа

Бозори "Корвон"-и Душанбе безарар гардонида мешавад (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Осиё: баҳси Тоҷикистону Қазоқистон барои як филм. Душанбе ба саҳнаи яке аз филмҳои қазоқӣ, ки дар он марди бехонае ҳамчун сафири Тоҷикистон муаррифӣ мешавад, эътироз кард. Алмато ба вазъи муқаррарӣ бармегардад. Дар Бишкек табибоне ба коронавирус мубтало шуданд, ки бо беморони COVID-19 тамос надоштанд. (видеои Настоящее время)​

- Бозори "Корвон"-и Душанбе безарар гардонида мешавад (видео)

- "Нафақаам барои харидани гӯшт кифоят намекунад". Хабарнигори Радиои Озодӣ Орзуи Карим аз бозори ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гузориш медиҳад, ки имсол сарфи назар аз замони рӯза бозор гарм нест, зеро мардум ва аз ҷумла нафақагирон, пули кофӣ барои хариди маводи ниёзи аввалро надоранд (видео)

- "Сирояти коронавирус набояд баҳона барои таъқиби расонаҳо бошад". Ҳомиёни ҳуқуқи хабарнигорон мегӯянд, "сирояти коронавирус набояд баҳона барои таъқиби расонаҳо бошад". Ба қавли онҳо ситоди мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон бояд саривақт ба мардум хабар расонад (видео)

- Дар Русия муҳоҷирони саховатманд ба ҳамватанони бемор ёрӣ мерасонанд (видео)

- Сарвазири Русия Михаил Мишустин гирифтори коронавирус шудааст (видео)

- Карантин боиси афзоиши хушунати хонаводагӣ шудааст. Коршиносон ва созмонҳои байналмилаллӣ аз афзоиши бесобиқаи мавридҳои хушунати хонаводагӣ дар давраи гӯшанишинӣ ё карантин, бонгӣ изтироб мезананд (видео)

- Афзоиши гирифторони пневмония дар шифохонаҳои Душанбе (видео)

- То ҳол сабаби ларзиши замин дар Хатлон ошкор нашудааст (видео)

- Дар Бишкек шумори табибони мубтало ба коронавирус афзоиш меёбад. (видео аз Директ)

- Раҳбари Куриёи Шимолӣ куҷо шуд? Ӯ ду ҳафта аст, ки дар мазҳари ом пайдо намешавад. (видео Настоящее время)​

- Талаби мақомот: "Дар ҳавлиҳоятон картошка коред". Дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон мақомоти маҳҳалӣ хона ба хона гашта, сокинонро дастур медиҳанд, ки дар заминҳои наздиҳавлигиашон кадом намуди зироатҳоро кишт кунанд. Худи сокинон мегӯянд, бе тавсияи мақомот низ ҳамасола заминҳои наздиҳавлигашонро пурра истифода мекарданд (видео)

- Ошхонаҳои холии шаҳри Душанбе. Аз шурӯи моҳи Рамазон дар Тоҷикистон 5 рӯз мегузарад. Солҳои гузашта баробари фаро расидани ин моҳ шаҳрдори Душанбе дастур медод, ки ошхонаву тарабхонаҳо фаъолияти худро ба таври пурра ба роҳ монанд. Аммо дар пойтахт имсол тақрибан аксарияти маконҳои маъруфи ғизохурӣ бастаанд (видео)

- Аз сафари ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чиро интизор метавон буд? Ба ин суол намояндаи Созмон дар Тоҷикистон Галина Перфилева посух додааст (видео)

- Созмони ҷаҳонии тандурустиро кӣ сармоягузорӣ мекунад?(инфографика)

- Кормандони ҳифзи ҳуқуқи Тошканд кӯдакеро бо зодрӯзаш табрик карданд. (видео)

- Кор дар саҳро муҳим аст, ё карантин? Кишоварзон дар Хатлон аз миёни кори саҳро ва карантин аввалиро интихоб кардаанд. Хатлон бузургтарин вилояти кишоварзии Тоҷикистон аст ва ҳазорон нафар ҳоло дар киштзорҳояшон ба кор машғуланд. Хатлон аз таъминкунандагон асосии маҳсулоти кишоварзии бозорҳои дохилӣ мебошад (видео)

- Холаи Шарофат барои тамошои сериалҳо диск надорад. Ҳолдонҳо мегӯянд, марзҳои баста боиси камбуд ва боло рафтани нархи диск барои сабти навор ва филмҳо шудааст (видео)

- Шифохонаи "Якум Советский"-и Душанбе дар чӣ ҳол аст? (видео)

- Фарзандони Ҳотамов гуфтанд, орзуҳои падарро амалӣ мекунанд. Марги Абдуфаттоҳ Ҳотамов, кимиёдони тоҷик ва бунёдгузори литсейи хусусии "Ҳотам ва ПВ", бисёриҳоро дар кишвар озурда кардааст. Cоҳибназарон мегӯянд, саҳми ӯ дар рушди бахши маориф чашмрас аст ва набуданаш бохте бузург мебошад (видео)

- Осиё: беморхонаҳои лонаи вируси корона. Дар Қазоқистон мубталои вируси корона мегӯяд, ӯро табибон гирифтор кардаанд. Дар Тоҷикистон ба рӯзноманигорон барои нашри хабарҳо дар бораи вируси корона фишор меоранд. Дар шароити карантин чи гуна рӯза дошт? (видеои Настоящее время)​

- Дезинфексия ва ё поксозии санитарии Душанбе чӣ хел мегузарад? (видео)

- Барои аввалин бор дар моҳи Рамазон дар масҷидҳои Маккаву Мадина намози дастаҷамъӣ намешавад (видео)

- Генерал Абдулло Ҳабибовро дар канори Душанбе дафн карданд. Генерал Абдулло Ҳабибов, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон, ки шаби 24-уми апрел дар шаҳри Душанбе даргузашт, ба хок супурда шуд. Онҳое, ки Ҳабибовро аз наздик мешиносанд мегӯянд, ӯ аз нафароне буд, ки дар ташаккули артиши Тоҷикистон хизмати зиёд кардааст (видео)

- Осиё 360°: коронавирус – василае барои бештар кардани фишорҳо (видео аз Директ)

- Баъди Ӯзбекистон. Нигоҳе ба мақоми Қазоқистон дар рейтинги озодии матбуот (видео)

- Дар Қирғизистон қурбониёни хушунати хонаводагӣ аз ҳимоят маҳрум шуданд (видео аз Директ)

- Ваксинаро кай месозанд: Олимон ба омӯзиши вируси нав идома медиҳанд (видео аз Директ)

- Чехия карантинро бекор мекунад (видео аз Директ)​

- Ҳаёт баъди карантин чи гуна хоҳад буд? (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG