Ссылки доступа

Баҳогузории оши палав дар Ӯзбекистон: гаронтарин дар Тошканд - арзонтарин дар Намангон


Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон "шохиси оши палав"-ро нашр кард. Бино бар иттилои кумита, гаронтарин оши палав дар Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд мавҷуд аст. Дар он шаҳр як табақ оши палав ба ҳисоби миёна 1,75 доллар ва як килои он 12,26 доллар арзиш дорад.

Арзонтарин ошро дар Ӯзбекистон мешавад, дар Намангон пайдо кард. Як табақ оши Намангон 1,14 доллар ва як килограми он 8 доллар арзиш дорад.

Дар шаҳрҳо ва минтақаҳои дигари Ӯзбекистон қимати як табақ оши палав байни 1,14 то 1,75 доллар ва як килограми он байни 8 то 12 доллар арзиш дорад.

Кумитаи омори Ӯзбекистон моҳи январи соли ҷорӣ эълом карда буд, ки "Шохиси оши палав"-ро ҷорӣ мекунад. Дар аксари давлатҳои аврупоӣ "шохиси Биг мак" ва дар Русия "шохиси Оливе" ҷорӣ шудааст. Кумитаи омори Ӯзбекистон гуфтааст, барои ин кишвар "шохиси оши палав" мувофиқ аст.

XS
SM
MD
LG