Ссылки доступа

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, манбаи таҳқиқот дар бораи фасодкорӣ "ба рӯзноманигорони Озодӣ пора додааст"


Мақомоти махсуси Қирғизистон гуфтанд, рӯзноманигорони бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз касе, ки пулшӯиро эътироф кард, 100 ҳазор доллар гирифтаанд. Ин нафар манбаи таҳқиқоти рӯзномангорӣ дар бораи фасодкорӣ буд.

Изҳороти мақомоти махсуси Қирғизистон рӯзи 2 июн дар ҷаласаи порлумонии марбут ба куштори Айеркен Саймаитӣ, тоҷири ӯйғуртабор садо дод. Саймаитӣ дар таҳқиқоти рӯзноманигорӣ эътироф кард, ки давоми чанд сол аз Қирғизистон садҳои миллион долларро ба хориҷ бурдааст.

Ҷеймӣ Флай, президенти "Радио Аврупои Озод/Радиои Озодӣ" изҳороти мақомоти махсусро "қассос" аз рӯзноманигорон "аз сӯи афроди фасодкоре, ки талош доранд, дороӣ ва қудрати худро ҳифз кунанд" унвон кард.

Саймаитӣ моҳи ноябри соли гузашта дар шаҳри Истамбули Туркия кушта шуд. Вай ҳуҷҷатҳои молиеро дар ихтиёри рӯзноманигорон гузошт, ки аз Қирғизистон ба хориҷ бурдани маблағҳои ҳангуфтро собит мекарданд.

Баъд аз куштори Саймаитӣ Радиои Озодӣ, сомонаҳои "Клооп" ва OCCRP таҳқиқоти рӯзноманигориро нашр карданд. Дар таҳқиқот омадааст, маблағеро, ки Саймаитӣ ба хориҷ бурд, ба муовини раиси пешини Оҷонси гумруки Қирғизистон Раимбек Матраимов тааллуқ дорад. Нашри таҳқиқоти рӯзноманигорӣ боиси эътирозҳои пайиҳами сокинони Қирғизистон шуд.

Матраимов ва аъзои хонаводааш робита доштан бо Саймаитӣ ва фасодкорӣ дар гумруки Қирғизистонро рад мекунанд. Вай ва аъзои хонаводааш баъди нашри таҳқиқот ба додгоҳ даъво бурданд ва аз туҳмат шикоят карданд.

Самидин уулу Сагинбек, яке аз масъулони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар ҷаласаи порлумонии рӯзи 2 июн гуфт, ду шоҳид хабар додаанд, ки Саймаитӣ ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ "100 ҳазор доллар додааст". Ба суол дар бораи он ки оё Сагинбек санаду ҳуҷҷати дигаре дар ихтиёр дорад, посухи рад дод.

XS
SM
MD
LG