Ссылки доступа

Ӯзбекистониҳои марказҳои нигаҳдории Русия: моро озод кунед ё ба ватан баред (видео)


Муҳоҷирони кории Ӯзбекистон, ки дар марказҳои нигаҳдории муваққати шаҳрвандони хориҷӣ дар минтақаҳои гуногуни Русия ҳастанд, талош доранд, таваҷҷуҳи ҷомеаро ба вазъи бади худ ҷалб кунанд.

Муҳоҷирони ӯзбек дар Маркази нигаҳдории муваққати хориҷиҳо дар шаҳри Егоревски вилояти Москва мегӯянд, қарор буд, онҳоро то 1 июни соли равон ба ватан фиристанд, вале ин ваъда иҷро нашуд. Ба гуфтаи муҳоҷирон, ҳоло вазъи онҳо хеле бад аст.

Яке аз ин муҳоҷирон бо номи Шохрух, ки 29 сол дорад, гуфт, дар ҳоли ҳозир дар маркази Егоревск асосан муҳоҷирони ӯзбек ва ветнамиҳо нигаҳдорӣ мешаванд.

"Дар марказ ҳудуди 230 нафар бошад, 53 каси онҳо ӯзбекистонӣ ҳастанд. Чанд озарӣ ва молдовагӣ низ ҳаст. Боқӣ 140 тан шаҳрвандони Ветнаманд. Зоҳиран, онҳо низ ба монанди мо ба ҳукумати худ лозим нестанд. Моро ваъда доданд, ки марказро 1 июн боз карда, моро ба ватан мефиристанд. Вале ҳоло боз мегӯянд, ки Русия омодааст шуморо фиристад, вале ҷониби Ӯзбекистон қабул намекунад", - афзуд ӯ.

Шохрух мегӯяд, агар ҳукумати Ӯзбекистон ҳоло тавони баргардонидани онҳоро надорад, бояд бо ҳукумати Русия вориди гуфтугӯ шуда, муҳоҷиронро аз марказҳои нигаҳдории муваққат берун кунад.

XS
SM
MD
LG