Ссылки доступа

Тоқаев эҳтимоли "сенарияи Қрим"-ро дар Қазоқистон рад кард


Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар арафаи сафараш ба шаҳри Москва, ки қарор аст 24 июн баргузор шавад, дар суҳбат бо расонаҳои Русия эҳтимоли сурат гирифтани "сенарияи Қрим" ё "сенарияи Донбасс"-ро дар кишвараш рад кард.

"Ин гуна пешбиниҳо асоси воқеӣ нахоҳанд дошт. Ба эҳтимоли зиёд, ҳадаф аз онҳо ноором кардани вазъ дар Қазоқистон ва ба ҳам задани ҳусни ҳамҷавориву робитаҳои ҳампаймонӣ миёни ду кишвар аст. Пешбиниҳои ҳамсонро танҳо одамони бесавод, бадбин ва онҳое ироа мекунанд, ки бо оҳанги дигарон месароянд", - изҳор дошт Тоқаев 2 июн дар суҳбат бо расонаи русии "Комсомолская правда".

Ӯ гуфт, Нурсултон ба Давлати муттаҳидаи Русия ва Белорус, ки ҳоло Москва тақвияти онро аз Минск талаб дорад, нахоҳад пайваст ва самти афзалиятнок барои Қазоқистон рушди минбаъдаи ҳамгироӣ дар доираи иттиҳодияҳои минтақавӣ, аз ҷумла Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё аст.

Президенти Қазоқистон афзуд, ки нақшаи лотинисозии алифбои қазоқиро бидуни "тезонидани сунъӣ" иҷро карда, русҳо дар ин кишвар аз "тамоми ҳуқуқҳо" бархурдор ҳастанд. Ҳамчунин илова кард, ки масъалаи таъсиси пойгоҳи низомии Амрико дар Қазоқистон баррасӣ нахоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG