Ссылки доступа

Бемории ҳамагир монеи иди кӯдакони тоҷик шуд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ба зону задан. Ҳамраъйии кормандони пулис дар ИМА бо эътирозгарон. (нигористон)

- Мавҷи эътирозҳо зидди нажодпарастӣ дар саросари ҷаҳон. Раҳбарони кишварҳои гуногун мардумро ба оромӣ даъват карда, кушиш доранд аз бетартибиҳо пешгирӣ кунанд. (видео Директ)

- Осиё: Радиои Озодиро дар гирифтани пул барои таҳқиқот дар бораи Маматраимовҳо айбдор мекунанд. Кумитаи амнияти Қирғизистон бар ин аст, ки рӯзноманигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ барои таҳқиқи нақшаи фасодкорӣ бо иштироки муовини пешини раиси Хадамоти гумруки ин кишвар Матраимов $100 ҳазор гирифтааст. Шаҳрвандони дармондаи Тоҷикистон дар марзи Қазоқистон бо Ӯзбекистон дар рӯи замин хобанд. (видеои Настоящее время)- Табиби қирғиз ба Китоби рекордҳои гинес шомил шуд. (видео)

- Зодаи Тошканд баъди зиндонӣ шуданаш дар Амрико рассом шуд. (видео)

- Дар Душанбе кошонаҳои ҳусн боз нашуданд. Шаҳрдории Душанбе барои бардоштани маҳдудиятҳо ба хотири ҷиалавгирӣ аз Ковид 19 саросема нест ва то ним моҳи дигар маҳдудиятро дароз кард (видео)

- Дар Хуҷанд маҳдудиятҳои марбут бо сирояти коронавирус коҳиш ёфтанд (видео)

- Муҳоҷирони дармондаи тоҷик дар марз бо Узбекистон чӣ ҳол доранд? Даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон бо нияти бозгашт ба ватан чандин ҳафта аст, ки дар марзи Қазоқистони Ҷанубӣ ва Узбекистон, дар 800-километрии шаҳри Алмато, дармондаанд (видео)

- Бемории ҳамагир монеи иди кӯдакони тоҷик шуд. Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Тоҷикистон дар муқоиса ба солҳои пеш ором ва бе баргузории маъракаҳои тафреҳӣ гузашт. Пеш аз пандемияи коронавирус маъмулан дар ин рӯз дар Тоҷикистон барномаву маъракаҳои гуногуне баргузор мешуд ва гурӯҳе аз кӯдаконро дар кӯчаҳо сарҷамъу хушҳол дидан мумкин буд (видео)

- Чандин мусофири парвози Душанбе-Москваро дар фурудгоҳи "Шереметево" ҷарима карданд. 25 мусофиреро, ки бо ҳавопаймои "Уралские авиалиниӣ" шаби 29 май аз Душанбе ба Москва парвоз карда буданд, дар фурудгоҳи "Шереметево" ҳудуди 10 соат нигоҳ дошта, 2-ҳазоррублӣ ҷарима намуданд. (видео)

- Лама ё гӯсола? Баҳси фавти ҷонварон дар Боғи ҳайвоноти Душанбе. Масъулони Боғи ҳайвоноти Душанбе марги лама, як ҷонвари нодир дар ин боғро рад мекунанд, вале мегӯянд, моҳҳои ахир ҳолати маргу мири ҳайвонот дар ин макон сабт шудааст (видео)

- Пойафзоли давраи коронавирус чӣ гуна хоҳад буд? (видео)

- Дар Кӯлоб ташхисгоҳи бемории СОVID-19 ба кор шуруъ кард. Бо гузашти тақрибан як моҳ аз замони эълони расмии сирояти коронавируси нав ба Тоҷикистон, дар шаҳри Кулоб ташхисгоҳи сайёри ин бемориро боз карданд. Чаҳор нафар дар озмоишгоҳ кор мекунанд ва мегӯянд, ки натиҷаҳоро то 5 соат маълум мекунанд (видео)

- Коҳиши нархи пиёз кишоварзонро нороҳат кард (видео)

- Парвози муваффақонаи SpaceX бо одам ба кайҳон. Ширкати Илон Маск SpaceX ба пойгоҳи байналхалқии кайҳонӣ нахустин киштии кайҳонии озмоиширо ирсол кард. Дар дохили киштӣ – кайҳоннавардон Дуглас Хёрли ва Роберт Бенкен ҳузур доранд. Партоб нисфишабии 31 май сурат гирифт (видеои Настоящее время)

- Вокунишҳо аз Тоҷикистон ба қарори нави Трамп. Бархе аз соҳибназарон дар Тоҷикистон қарори президенти Амрикоро дар бораи танзими кори шабакаҳои иҷтимоӣ танқид карданд. Онҳо мегӯянд, ҳатто дар сурати рад шудани қарор аз тарафи Конгресс ва додгоҳ, он "дастаке" ба ҳукуматҳои поймолкунандаи озодиҳои сиёсӣ хоҳад шуд (видео)

- Чаро натиҷаи ташхиси COVID-19-ро намедиҳанд? Худдории озмоишгоҳҳо аз додани натиҷаи ташхиси тестӣ ба гирифторони COVID-19 нигаронии афроди сироятдидаро бештар кардааст. Мақомот мегуянд, беморон бо СМС-паёмак огоҳ карда мешаванд (видео)

- Кӣ ба Тоҷикистон чӣ кумак кард? Чанде аз созмонҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои алоҳида ба Тоҷикистон барои муқобила бо бемории COVID-19 миллионҳо доллар кумак карданд. Ёрии бархе аз давлатҳо аз тестҳои санҷиши беморӣ, хӯрокворӣ, дору ва либосҳои муҳофизатӣ иборат буд (видео)

- Расонаҳои байналхалқӣ дар бораи сохтани воксини зидди коронавирус. Бештар аз 35 озмоишгоҳ дар саросари дунё ба сохтани воксини зидди коронавирус машғул ҳастанд (видео аз Директ)

- Навбатпойӣ дар марз: мошинҳои боркаш наметавонанд, аз Қирғизистон вориди Қазоқистон шаванд (видео)​

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG