Ссылки доступа

Дар Порис сокинон зидди хушунати пулис эътироз карданд


Дар шаҳри Пориси Фаронса ҳазорон сокин дар эътирозҳои зидди хушунати пулис ширкат карданд. Ин эътироз дар солгарди фаронсавии сиёҳпӯст, Адам Траореи 24-сола баргузор гардид. Траоре дар соли 2016 баъди боздошт аз сӯи пулис фавтид.

Сарфи назар аз манъи баргузории чорабиниҳои оммавӣ дар робита ба вабои вируси корона, ба иттилои мухталиф дар эътирози ахир аз 15 то 20 ҳазор сокин ширкат кард.

Эътирози сокинони Порис дар ҳолест, ки дар ИМА ҳам баъди марги Ҷорҷ Флойди сиёҳпӯст зери пойи пулис, сокинон даст ба эътироз ва харобкорӣ заданд.

Дар ИМА сар аз 26 май ба ин тараф эътирозҳои зидди хушунати пулис давом доранд. Ҷорҷ Флойди 46-сола баъди боздошт аз сӯи пулис фавтид. Дар чанде аз шаҳрҳои ИМА эътирозҳо ба бетартибиҳо мубаддал шуданд.

XS
SM
MD
LG