Ссылки доступа

Додраси пешин: КДАМ ба ҷои таҳқиқи фасодкорӣ рӯзноманигоронро муҷозот карданист


Додраси пешини Палатаи конститутсионии Қирғизистон Клара Сооронкулова мегӯяд, Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар (КДАМ) ба ҷои таҳқиқи ҳолатҳои фасодкорие, ки дар натиҷаи таҳқиқоти бахши қирғизии Радиои Озодӣ ошкор шудаанд, мехоҳад худи муаллифонро дар ин қазия айбдор кунад.

"Кумита нахуст набудани нақшаи фасодкорӣ ва беасос будани маълумоти таҳқиқотро исбот мекард ва сипас мегуфт, ки рӯзноманигорон барои паҳни иттилои дуруғ пул гирифтаанд, боварибахш буд. Вале масъулони ин ниҳод бо роҳи дигар рафта, мегӯянд, ки рӯзноманигорон пора гирифтаанд", - изҳор дошт додраси пешин.

Мақомоти махсуси Қирғизистон рӯзи 2 июн дар ҷаласаи порлумонии марбут ба куштори Айеркен Саймаитӣ, тоҷири ӯйғуртабор гуфтанд, рӯзноманигорони бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз ин соҳибкор, ки пулшӯиро эътироф кард, 100 ҳазор доллар гирифтаанд. Саймаитӣ дар таҳқиқоти рӯзноманигорӣ эътироф кард, ки давоми чанд сол аз Қирғизистон садҳои миллион долларро ба хориҷ бурдааст.

Ӯ моҳи ноябри соли гузашта дар шаҳри Истамбули Туркия кушта шуд. Вай ҳуҷҷатҳои молиеро дар ихтиёри рӯзноманигорон гузошт, ки аз Қирғизистон ба хориҷ бурдани маблағҳои ҳангуфтро собит мекарданд.

Баъд аз куштори Саймаитӣ Радиои Озодӣ, сомонаҳои "Клооп" ва OCCRP таҳқиқоти рӯзноманигориро нашр карданд. Дар таҳқиқот омадааст, маблағеро, ки Саймаитӣ ба хориҷ бурд, ба муовини раиси пешини Хадамоти гумруки Қирғизистон Раимбек Матраимов тааллуқ дорад. Нашри таҳқиқоти рӯзноманигорӣ боиси эътирозҳои пайиҳами сокинони Қирғизистон шуд.

Матраимов ва аъзои хонаводааш робита доштан бо Саймаитӣ ва фасодкорӣ дар гумруки Қирғизистонро рад мекунанд. Вай ва аъзои хонаводааш баъди нашри таҳқиқот ба додгоҳ даъво бурданд ва аз туҳмат шикоят карданд.

Самидин уулу Сагинбек, яке аз масъулони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар ҷаласаи порлумонии рӯзи 2 июн гуфт, ду шоҳид хабар додаанд, ки Саймаитӣ ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ "100 ҳазор доллар додааст". Ба суол дар бораи он ки оё Сагинбек санаду ҳуҷҷати дигаре дар ихтиёр дорад, посухи рад дод.

Як қатор фаъолони маданӣ ва вакилони порлумони Қирғизистон иддаои Кумитаи амнияти миллии ин кишварро "кӯшиши сиёҳ" кардани рӯзноманигорон номиданд.

XS
SM
MD
LG