Ссылки доступа

Туркманистонии мубтало ба саратон хоҳиш дорад, ӯро аз Туркия ба ватан баранд


Дар Интернет суҳбати видеоии шаҳрванди Туркманистон Гулбаҳор Рейимова нашр шудааст, ки охирҳои моҳи май дар ҳолати вазнин дар бемористони Туркия бистарӣ гашта буд.

Ба иттилои саҳифаи Гуруҳи хайрия дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук, Рейимова, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Фороби вилояти Лебапи Туркманистон аст. Ӯ бемории саратон дошта, дар бемористони шаҳри Истамбули Туркия - Саматя бистарӣ аст.

Ба гуфтаи табибон, вазъи зан вазнин буда, барои табобаташ пул ҷамъоварӣ мешавад. Гулбаҳор Рейимова модари танҳо буда, соҳиби ду духтар аст, ки ҳоло онҳо дар Туркманистон ба сар мебаранд.

Рейимова мегӯяд, то ба муҳоҷирати корӣ рафтан ба Туркия саломатияш хуб буд. Дертар ба бемории саратон мубтало шуда, бо кумаки дӯстонаш дар бемористони Саматя бистарӣ шудааст.

Ин зани туркман ҳоло мехоҳад ба Туркманистон баргардад, зеро ӯ дар Туркия касеро надорад.

Парвозҳои ҳавопаймоӣ миёни Туркия ва Туркманистон ба иллати коронавирус қатъ шудааст. Вале онҳое, ки Рейимоваро нигоҳубин мекунанд, мегӯянд, вазъи ӯ вазнин аст ва бояд фавран табобат бигирад.

XS
SM
MD
LG