Ссылки доступа

Раҳбари Пентагон ба истифодаи артиш дар саркӯби эътирозгарон зид баромад


Вазири дифои ИМА Марк Эспер зидди ҷалби артиш ба саркӯби эътирозҳои оммавие баромад, ки беш аз як ҳафта мешавад дар ин кишвар ҷараён доранд.

Ба ин эътирозҳо марги марди сиёҳпӯст Ҷорҷ Флойд сабаб шуд, ки дар натиҷаи боздошти бераҳмонаи пулис ҷон бохт. Президенти ИМА Доналд Трамп исрор кард, ки барои барқарории тартибот артиш ҷалб шавад.

Ба гуфтаи Эспер, қонуни соли 1807 ба президент ҳақ медиҳад, ки танҳо дар буҳронитарин ё хатарноктарин вазъ ҳамчунн охирин чора аз артиш истифода кунад. Вале ба гуфтаи вазири дифои Амрико, дар ҳоли ҳозир ягон навъи ин ҳолатҳо пеш наомадааст. Эспер мегӯяд, ҳоло барои дастгирии мақомоти маҳаллӣ дар чунин ҳолат Горди миллӣ муносибтар аст. Горди миллӣ - нерӯҳои вижаи низомиест, ки мақомоти Амрико дар ҳолатҳои изтирорӣ истифода мекунанд.

Чандин мансабдори баландпояи пешин ва кунунии Пентагон низ бо талаби Трамп, ки аз артиш истифода шавад, зид баромаданд.

Дертар Трамп низ гуфт, зарурати ҷалби артиш ба саркӯби эътирозҳои дохилиро намебинад.

XS
SM
MD
LG