Ссылки доступа

Орипов бо вуҷуди эътирози сокинон ба кори раиси вилояти Фарғона баҳои баланд дод


Дар ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон 3 июн ҷаласаи ғайринавбатии аъзои маҷлиси ноҳиявӣ баргузор шуд. Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов, ки дар он ҳузур дошт, ба фаъолияти раиси вилояти Фарғона Шуҳрат Ғаниев баҳои баланд дод.

"Раҳбарони ниҳодҳои дахлдор бо дастури бевоситаи президент барои омӯзиши вазъ зери раҳбарии ман ба инҷо омаданд. Раиси вилояти Фарғона Шуҳрат Ғаниев ва раҳбарони дигар, ки ба инҷо омаданд, пеш аз ҳама нагузоштанд, то вазъ печидатар шавад. Қадр кардани сулҳ хушбахтии бузург аст", - изҳор дошт Орипов дар ҷаласаи маҷлис.

31 май миёни сокинони деҳаи Чашмаи Сӯх ва деҳаи Чечми вилояти Бодканди Қирғизистон бар сари оби чашмае низоъ рух дод. Дар натиҷа задухурд аз ду ҷониб даҳҳо кас захмӣ шуданд.

Пештар дар шабакаҳои иҷтимоии ӯзбекӣ видеое нашр шуд, ки нишон медиҳад сокинони Сӯх ба самти раиси вилояти Фарғона ва раиси пешини ноҳияи Сӯх санг ҳаво медиҳад.

Дар пайи ин задухӯрд сарвазири Ӯзбекистон 1 июн бо сокинони Сӯх мулоқот кард, ки дар он аз раиси ҳукумати ин кишвар барканории раиси вилояти Фарғона талаб шуд. Сокинон гуфтанд, ки дигар ба ӯ бовар надоранд. Худи Ғаниев дар мулоқот бо сокинони Сӯх ба зиндонӣ кардани 74 ҷавон ва хат задани деҳаи ҷанҷолӣ аз харитаи ноҳия таҳдид кард.

XS
SM
MD
LG