Ссылки доступа

Талаби 20 соли зиндон барои сарвазири пешини Қирғизистон


Айбдоркунандаи давлатӣ дар доираи парвандаи қонуншиканиҳо ҳангоми бозсозии Осорхонаи шаҳри Бишкек ва сохтмони ипподром дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон барои сарвазири пешини ин кишвар Сафар Исҳоқов 20 соли зиндон талаб кард.

Додситон ҳамчунин хост, Исҳоқов 247 миллион сом (беш аз 3,3 миллион доллар) ҷарима шавад. Аз додрас хоста шуд, ки сардори пешини шуъбаи дастгоҳи президенти Қирғизистон Мир Қорибоев танҳо ҷарима супорад.

Вакили дифоъ Боқид Автандил уулу ба бахши қирғизиии Радиои Озодӣ гуфт, банди айбдории Қорибоев иваз шуд. "Барои Исҳоқов бо назардошти ҳукмаш дар доираи парвандаи бозсозии Маркази гармидиҳии Бишкек 20 сол талаб шуд. Қорибоевро дар аввал ба фасодкорӣ айбдор мекарданд. Ҳоло ӯ ба сӯистифода аз мақом айбдор аст. Аз додрас хостанд, ки вайро 3,5 ҳазор доллар ҷарима кунад. Ба назари мо, парванда ангезаи сиёсӣ дорад. Зеро Исҳоқов зидди президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков баромада буд", - афзуд вакил.

Ба огаҳии Додситонии кулли Қирғизистон, дар натиҷаи қонуншиканиҳо ҳангоми бозсозии Осорхонаи Бишкек давлат ба маблағи 101,6 млн сом (беш аз 1,3 млн доллар) зарар дидааст. Ин парванда бо қонуншиканиҳо дар бунёди ипподром якҷоя карда шудааст.

Дар доираи парвандаҳои мазкур зидди шаш нафар айб эълон шудааст. Дар миёни онҳо сарвазири пешин Сафар Исҳоқов ва сардори пешини шуъбаи дастгоҳи президенти Қирғизистон Мир Қорибоев ҳастанд.

Додгоҳи ноҳияи Свердлови Бишкек моҳи декабри соли 2019 Исҳоқовро дар доираи парвандаи бозсозии Маркази гармидиҳии Бишкек 15 сол зиндонӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG