Ба гуфтаи Асрандиев, вазъи мавҷуда дар марзи Қирғизистон бо Қазоқистон хилофи созиши кишварҳои ҳампаймон аст. "Дар марз бо Қазоқистон дербоз мушкилот мавҷуд аст. Вазъ аз соли гузашта ба ин сӯ мушкилтар шудааст. Тайи ҳафтаҳои ахир буҳронӣ гаштааст. Феълан 300-400 мошин дар навбатанд", - изҳор дошт ӯ.
"Шиносномаҳоро месанҷанд, кормандони тиббӣ барои назорати минбаъда маълумот ҷамъ мекунанд, барои вирус ташхис месупоранд ва сипас ронандаҳо дар ҳудуди Қирғизистон натиҷаи санҷишро мунтазир мешаванд. Тартибот дар ҳама ҷо мушкиле нест, вале раванди он аз ҷониби Қазоқистон ба кундӣ пеш бурда мешавад", - афзуд муовини сарвазири Қирғизистон.
Дар бораи ба миён омадани навбатпоии тӯлонии мошинҳои боркаш дар марзи Қирғизистон бо Қазоқистон аз моҳи май хабар дода мешавад. Ронандагон барои ворид шудан ба Қазоқистон ҳадди ақал бояд якшабонарӯз мунтазир бимонанд. Ронандагон мегӯянд, ин навбатпоӣ барои онҳо хисоротеро дар пай дорад. Қирғизистон ва Қазоқистон узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳастанд, ки ба он Русия, Беларус ва Арманистон ҳам шомил мебошанд.