Ссылки доступа

Дар Туркманистон раванди қайди маъюбӣ мушкилтар шуд


Turkmenistan. Disabled man near the "Teke" market. Cars. Ashgabat. July 7, 2015.

Комиссияҳои муассисаҳои тиббии вилояти Лебапи Туркманистон дастури шифоҳӣ гирифтаанд, ки қайди сокинон барои маъюбиро коҳиш диҳанд. Муҳлати табобате, ки баъди он бемор ҳамчун маъюб қайд мешаванд, аз 5 то ба 10 сол боло бурда шудааст.

Ба гуфтаи табибон ва беморон, шаҳрвандон то ба ҳол низ маҷбур буданд, барои муайян кардани маъюбияшон дар беморхонаҳои вилоят худро ба қайд гирифта, давоми 5 сол ҳар шаш моҳ табобат гиранд. Танҳо баъд аз ин бемор ҳамчун маъюб эътироф шуда, ҳаққи дарёфти кумакпулӣ аз ҷониби давлатро пайдо мекунад.

"Ҳоло акнун бемор барои дарёфти ин ҳақ бояд 10 сол табобати фосилавӣ бигирад. Комиссия баъдан дараҷаи маъюбии ӯро муайян карда, расман ба қайд мегирад", - гуфт як табиби беморхонаи вилоятии Лебап.

Як сокини Лебап, ки аз дарди қалб ранҷ мебарад, гуфт, 5 сол мешавад, дар ду моҳ як бор табобат мегирад ва ҳоло комиссия дархости вайро барои ҳамчун маъюб ба қайд гирифтан рад кардааст.

Дар Туркманистон ҳаҷми ҳадди ақали кумакпулии давлатӣ аз 1 январи соли 2020 ба ин сӯ 322 манат (91 доллар бо қурби расмӣ) муайян шудааст.

XS
SM
MD
LG