Ссылки доступа

Ҳомиёни ҳуқуқ Кохи сафедро ба нақзи ҳуқуқи тазоҳургарон айбдор карданд


Иттиҳоди озодиҳои шаҳрвандии Амрико (ACLU) - яке аз созмонҳои маъруфи ҳомии ҳуқуқи ИМА рӯзи чоршанбе зидди маъмурияти президент Доналд Трамп даъво бурда, онро ба поймол кардани ҳаққи конститутсионии амрикоиҳо ба ташкили ҷамъомад айбдор кард.

Ба иттилои хабаргузории Associated Press, пулис тазоҳуроти осоиштаи майдони Лафайетро дар наздикии Кохи сафед ғайриқонунӣ танҳо барои он пароканда кард, ки президент барои рафтан ба калисо аз он гузарад. Дар шикояти иттиҳод омадааст, президент Трамп, додситони кул Барр ва мансабдорони дигар бо мақсади нақз кардани ҳуқуқи эътирозгарон "созиши ғайриқонунӣ кардаанд".

Трамп 1 июн дар назди калисое акс гирифт, ки як рӯз пеш аз сӯи эътирозгарон отш зада шуда буд. Ин амали ӯ баҳсҳои тундеро дар расонаҳо ба вуҷуд оварда, ҳамчун худнамоишдиҳӣ номида шуд. Додситони кул Барр гуфт, ба хотири эҷоди минтақаи иловагии амн дар атрофи Кохи сафед тазоҳургарони майдонро пароканда карданд.

Ҳалокати марди сиёҳпӯст Ҷорҷ Флойди 46-сола ҳангоми боздошт дар Миннеаполис боиси сар задани бетартибӣ ва тазоҳурот дар саросари ИМА шуд. Тасмими президент Трамп барои сафарбаркардани артиш ба барқарории тартибот низ интиқодҳои тундеро дар пайдошт.

XS
SM
MD
LG