Ссылки доступа

Нигаронии кишоварзони ӯзбек аз норасоии об баъди рахна шудани садди обанбор


Sardoba, Syrdarya, Uzbekistan

Заминҳое, ки дар атрофи обанбори Сардобини Ӯзбекистон ҷойгир ҳастанд, баъди рахна шудани садди обанбор беоб монданд.

Ба гуфтаи кишоварзон аз вилояти Сирдарё, вазъи заминҳое, ки аз оби обанбор вобастагӣ доштанд, буҳронӣ аст.

Кишоварзоне, ки аз вилоятҳои Фарғона ва Андиҷон ба Сирдарё рафта буданд, мегӯянд, ба иллати набудани об заминҳоро гузошта, дубора ба хонаҳояшон баргаштаанд.

Бархе аз кишоварзон дар ноҳияи Сардобин гуфтанд, дар натиҷаи фоҷеаи мазкур зироатҳои худро пурра аз даст додаанд.

Як корманди Идораи низоми обёрӣ дар Сирдарё хабари омадани хушкӣ дар он минтақаро тасдиқ кард, вале гуфт, вазъ тавре кишоварзон мегӯянд, он қадар нигаронкунанда нест. Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми умумии оби обанбори Сардобин 1 миллиард метри мукааб буд ва дар натиҷаи рахна шудани сад 40 дарсади ин оби ҷамъшуда талаф ёфааст.

Обанбори Сардобини Ӯзбекистон моҳи майи соли 2018 мавриди истифода қарор гирифта, он барои обёрии заминҳо бунёд шуда буд. Субҳи 1 майи соли равон садди он рахна шуд. Дар натиҷа дасти кам 70 ҳазор сокини атрофи обанбор ба ҷойҳои бехав кучонида шуданд.

XS
SM
MD
LG