Ссылки доступа

Додгоҳи Гаага баррасии фоҷиаи ҳавопаймои Малайзияро аз сар мегирад


Додгоҳе дар Нидерландия имрӯз баррасии парвандаи сарнагунсозии ҳавопаймои "Боинг"-и Малайзияро дар Донбасси Украина дар моҳи июли соли 2014 аз сар хоҳад гирифт.

Тафтишот ба хулосае расидааст, ки ҳавопаймо дар минтақаи зери идораи ҷудоихоҳони рӯ ба Москва бо мушакандози русии “Бук” сарнагун шудааст.

Дар доираи ин парвандаи зидди чаҳор нафар, се шаҳрванди Русия ва як украин айб эълом шуда, ягон гумонбар дар мурофиаҳо шахсан иштирок надоранд. Баррасии парвандаи мазкур дар додгоҳи Гаага моҳи марти соли равон оғоз шудааст.

Вакилони дифои Олег Пулатов, ягона гумонбаре, ки ҳимоятгар дорад, гуфтанд, барои ба таъиргузории баррасии парванда талош мекунанд. Зеро ба иллати маҳдудиятҳои ҷорӣ дар робита ба коронавирус дар Нидерландия натавонистанд бо парванда хуб ошно шаванд ва ҳамчунин имкони парвоз ба Русияро барои машварат бо зерҳимояашон надоранд.

Ҳавопаймои МН17, ки аз Нидерланд ба Малайзия парвоз мекард, рӯзи 17 июли соли 2014 дар Донбасс сарнагун карда шуд. Дар ин фоҷиа 298 мусофир кушта шуд, ки бештар аз 200 нафарашон шаҳрвандони Нидерланд буданд.

Нидерланд ва Австралия Русияро расман дар сарнагун кардани ҳавопаймои "Боинг"-и Малайзия дар соли 2014 дар Донетск айбдор карданд. Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг ва мақомоти Иттиҳоди Аврупо аз Русия даъват карданд, ки масъулияти сарнагунии ҳавопайморо бар дӯш гирад. Вале Москва иддаоро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG