Ссылки доступа

Сокини Андиҷон барои қасди худкушӣ дар эътироз ба тахриби манзилаш 15 рӯз ҳабс шуд


Додгоҳи вилояти Андиҷони Ӯзбекистон парвандаи мардеро баррасӣ кард, ки ба нишони эътироз болои симчӯби чароғак баромада, хост раиси вилоятро ба наздаш биоранд. Ин сокини Андиҷон баъди дарёфти огоҳӣ дар бораи тахриби манзилаш даст ба ин кор задааст.

Бино ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, мард таҳдид кардааст, ки дар сурати ҳозир нашудани раиси вилоят худкушӣ мекунад.

Ҳодиса шоми 6 июн рух додааст. "Мард дар ҳолати мастӣ бо гуфтани суханҳои қабеҳ ва нақзи тартиботи ҷамъиятиву оромии ҷомеа таҳдид ба худкушӣ карда, ба талаби қонунии кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар бораи қатъи қонуншиканӣ итоат накард", - омадааст дар иттилоияи пулис.

Мардро бо кумаки кормандони вазоратҳои корҳои дохилӣ, ҳолатҳои фавқулода ва Горди миллӣ аз симчӯб фаровардаанд.

Додгоҳи Андиҷон 6 июн сокини маҳаллиро беш аз 40 доллари амрикоӣ ҷарима ва 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG