Ссылки доступа

Раиси шаҳри Кӯлобро дастгир карданд, ба ҷояш дигар кас таъйин шуд


Бахром Иноятзода

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон эълон кард, ки маъмурони он Баҳром Иноятзода, раиси шаҳри Кӯлобро бо иттиҳоми “фасодкорӣ” дастгир кардаанд.

Наздикони Иноятзода аз шарҳи воқеа худдорӣ намуданд ва маълум нест, ӯ вакили дифоъ дорад ё не, мақомот ин масъаларо шарҳ надодаанд.

Баёнияи расмии кумита рӯзи 8-уми июн дар хабаргузории давлатии «Ховар» нашр шуд. Дар ин баёния омадааст, Баҳром Иноятзодаро маъмурони амниятӣ дар ҳамин рӯз ва барои «содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ дастгир карданд».

Як манбаъ аз мақомоти интизомии Тоҷикистон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Баҳром Иноятзодаро баъди даъват ба идораи амният дастгир кардаанд. Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ ӯ рӯзи 5-уми июн ҳам барои бозпурсӣ даъват шуда буд ва баъди аз берун омадан, аз маҳалли бозпурсӣ" дилаш бемор шуд. Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд: “Субҳи ҷумъаи ҳафтаи гузашта ба идораи амният дар минтақаи Кӯлоб даъват шудааст ва муфаттишон бозпурсӣ мекунанд. Баъди пурсупос ҷавобаш медиҳанд, ба хонааш меравад, дилаш мезанад. Табибони беморхонаи шаҳри Кӯлоб омада, доруву дармон мекунанд ва саломатияш хуб мешавад."

Лаҳзае баъд аз нашри хабар Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо судури як фармон, Абдуқодир Вализодаро, раиси муваққати шаҳри Кӯлоб таъйин кард. Дар ин бора Фирӯз Холиқов, сухангӯи ҳукумати шаҳри Турсунзода, ки Вализода раиси он буд, дар саҳифаи хусусиаш дар Фейсбук хабар додааст.

Дафтари матбуоти раиси ҷумҳурӣ чанде баъдтар дар бораи барканории Иноятзода Баҳром хабар дод, вале сабаби фармони раиси ҷумҳурро нагуфт. Дар баёнияи расмӣ, ки дар вебсайти раиси ҷумҳури Тоҷикистон нашр шуд, омадааст, ки "Сардори давлат аз камбудиву қонуншиканӣ дар фаъолияти кории баъзе роҳбарони шаҳру ноҳияҳо мисолҳои мушаххас овард..." ва аз онҳое, ки ба мақомҳои дигар таъйин шуданд, хост дар чаҳорчӯбаи қонун амал кунанд.

Кумитаи амнияти миллӣ, ки кормандонаш раиси шаҳрро дастгир кардаанд, нагуфтааст, ки Баҳром Иноятзода ба ришвахорӣ, қаллобӣ ва ё кадом ҷинояти иқтисодии дигар муттаҳам мешавад, аммо дар баёния омадааст, ки қабл аз ин рӯзи 27-уми май ронандаи раиси шаҳр Хурсандалӣ Хуррамов ва 3-уми июн мудири қабулгоҳи раис Фирӯз Қурбонов бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир шуданд.

Ба гуфтаи Кумитаи амнияти миллӣ, ҳарду боздоштшуда зимни бозпурсӣ шаҳодат додаанд, ки бо супориши раиси шаҳр «қаллобӣ» кардаанд. Пеш аз ин хабари боздошти ронандаи раиси шаҳри Кӯлоб низ расонаӣ гашта буд.

Дар баёния ҳамчунин омадааст, ки «аз сокинони шаҳри Кӯлоб якчанд ариза доир ба амалҳои коррупсионии раиси шаҳр Б. Иноятзода ворид гардид. Ҳангоми санҷиш далелҳои дар аризаҳо овардашудаи ҷабрдидагон тасдиқи худро ёфтанд.» Кумитаи амнияти миллӣ гуфтааст, ки ба зидди Баҳром Иноятзода парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд ва парвандаро ҳамроҳ бо Додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқ мекунанд.

Баҳром Иноятзода дар гузашта, раиси шаҳри Истаравшан ва вакили Маҷлиси миллӣ буд ва моҳи майи соли гузашта, раиси шаҳри Кӯлоб таъйин шуд. Номи ӯ дар моҳи феврали соли равон, замоне пурсарусадо шуд, ки моликони ширкати "Комил-2010", мансуб ба писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои президенти Тоҷикистонро танқид кард.

Вай он вақт гуфт, ин ширкат, ки дар шаҳри Кӯлоб биноҳои истиқоматӣ месозад, ки аз идораи андози шаҳр беш аз 4 миллион сомонӣ (тақрибан 400 ҳазор доллар) қарздор аст. Он вақт Иноятзода гуфт, ба идораи андоз дастур додааст, биноҳои мутааллиқ ба писари Бег Сабурро банданд ва интиқоли барқу обро ба ин биноҳо қатъ карда, ба истилоҳи худаш, "роҳи нафаскашиашро маҳкам" кунад.

"Супориш додем, ки чораҳои таъхирнопазирро андешанд. Дигар ин тавр намешавад. Дар Душанбе бинед, нисбат ба ӯ чӣ кор карданд. Тамоми сохтмонҳояшро манъ карданд. Мо низ ҳамин тавр мекунем. Бас аст. Як Хоҷа Аҳрори Валӣ пайдо шудааст," -- гуфт он замон Иноятзода.

Намояндагони ширкати бинокории "Комил-2010" ин иддаои Иноятзодаро рад накарданд ва гуфтанд, қарзашонро хоҳанд супурд.

Билоли Шамс, хабарнигори маҳаллӣ дар суҳбат ба радиои Озодӣ роҷеъ ба қазияи боздошти раиси собиқи шаҳри Кӯлоб гуфт, ки чандин раис дар Кӯлоб иҷрои вазифа кардааст, аммо ягон нафари онҳо аз ширкати Бег Сабур танқид накарда буд:

“Раисони қаблӣ талош мекарданд аз Бег Сабур ном набаранд ва ба қавле бо ӯ “сар ба сар” нашаванд, аммо Баҳром Иноятзода ин қолабро шикаст ва хеле бо лаҳни шадид дар бораи ӯ ҳарф мезад ва бо чанд нафаре сӯҳбат кардам, мегуфтанд, ин бетаъсир буда наметавонад. Ҳарчанд давоми шаҳрдории ӯ нисбати фаъолияташ шикояти сокинон низ кам набуданд”,-- гуфт ӯ.

Дар Тоҷикистон раиси шаҳр ва ноҳияҳоро президент таъйин мекунад ва боздошти ин мансабдорон бисёр кам дида шудааст.

XS
SM
MD
LG