Ссылки доступа

Эрон гумонбар дар куштори Қосим Сулаймониро ба қатл маҳкум кард


Мақомоти Эрон шахсеро, ки ба даст доштан дар куштори генерал Қосим Сулаймонӣ дар ибтидои соли 2020 айбдор мешавад, ба қатл маҳкум карданд. Бар пояи фарзияи тафтишот, ин нафар гӯиё бо иктишофҳои Амрико ва Исроил ҳамкорӣ карда, дар бораи макони будубоши генерал ба онҳо маълумот додааст.

Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи собиқи воҳиди Қудс дар Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон 3 январи соли равон дар натиҷаи як ҳамлаи ҳавоии Амрико дар шаҳри Бағдод кушта шуд. Теҳрон дар посух ду пойгоҳеро дар Ироқ мушакборон кард, ки дар онҳо низомиёни амрикоӣ қарор доштанд. Дар натиҷа чандин низомии амрикоӣ захмӣ шуданд.

Дар пасманзари ташаннуҷи вазъ Сипоҳи посдорон 8 январ иштибоҳан ҳавопаймои мусофирбари "Боинг-737"-и Украинаро сарнагун сохт. 176 мусофири ҳавопаймо ҷон бохтанд. Дертар Теҳрон хабар дод, ки дар робита ба сарнагунсозии ҳавопаймо шаш кас дастгир шуд.

XS
SM
MD
LG