Ссылки доступа

Додгоҳ сарвазири пешини Қирғизистонро 18 сол зиндонӣ кард


Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон баррасии парвандаи фасодкорӣ дар сохтмони Осорхонаи таърихии шаҳр ва сохтмони ипподром дар Чолпон-Отаро ба поён расонд.

Дар ҷаласаи рӯзи 9 июн додгоҳ сарвазири пешини ин кишвар Сафар Исҳоқовро ҷинояткор эътироф ва барои ҳар кадом ҷинояти содиршуда 12,5-солӣ маҳрумият аз озодӣ таъйин кард.

Марат Сидиқов, қозии парванда гуфт, бо назардошти ҳолатҳои сабуккунанда ба Сафар Исҳоқов 18 соли зиндон таъйин карда шавад. Муҳлати адои ҷазо аз 5 июни соли 2018 ба ҳисоб гирифта мешавад.

Додгоҳ ҳамчунин сарвазири пешини Қирғизистон бештар аз 3,3 млн доллар ҷарима баст.

Вакилони мудофеи Сафар Исҳоқов гуфтанд, аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва ба зинаҳои болоӣ шикоят мебаранд.

Дар ҷаласаи рӯзи 4 июн додситон барои сарвазири пешин, бо назардошти парвандаи пешини фасодкорӣ ҳангоми бозсозии маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек, 20 соли зиндон талаб кард.

XS
SM
MD
LG