Ссылки доступа

Тошканд ба панҷгонаи шаҳрҳои арзонтарин барои хориҷиҳо шомил шуд


Бар асоси пажӯҳиши "Cost of Living Survey", ки аз сӯи ширкати байналмилалии машваратии Mercer, мақарраш дар шаҳри Ню-Йорк, шаҳри Ишқободи Туркманистон баъди Ҳонгконг дувумин шаҳри гаронтарин барои зиндагӣ мебошад.

Дар пажӯҳиши нави ширкат пойтахти Ӯзбекистон ба рӯйхати шаҳрҳои панҷгонаи ҷаҳон ворид шудааст, ки зиндагӣ барои хориҷиҳо дар онҳо арзонтарин аст. Тошканд дар баробари Карочӣ, Бишкек, Виндҳук (пойтахти Намибия) ва Тунис шомили феҳрист шудааст.

Зиндагӣ дар пойтахти Туркманистон барои хориҷиҳо назар ба Токио, Сингапур ва Ню-Йорк гаронтар будааст.

Назарпурсӣ бо назардошти қурби асъор, нархи молҳои асосии истеъмолӣ, хидматрасонӣ, сатҳи таваррум ва пули иҷора миёни мутахассисоне анҷом шудааст, ки дар кишварҳои гуногун кору зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG