Ссылки доступа

COVID-19 саҳнаҳои бӯсу канори филмҳои Ҳолливудро "қайчӣ кард"


Дар робита ба вабои COVID-19 саҳнаҳои бӯсу канори филмҳои ҳолливудиро бо ёрии барномаҳои компютерӣ таҳия ва ё филмномаҳоро таҳрир мекунанд ва чунин саҳнаҳоро аз филм қайчи мезананд. Дар ин бора нашрияҳои амрикоӣ хабар доданд.

Ба навиштаи расонаҳо, саноати синамову телевизиони Амрико интизор дорад, ки сар аз 12 июн дубора ба фаъолият хоҳад пардохт. Фаъолияте, ки ба далели вабои ҳамагири COVID-19 муваққатан қатъ шуда буд.

Филмсозон дастур гирифтаанд, ки ҳангоми аз сар гирифтани кор фосилаҳои ҷисмониро дар чанд моҳи оянда риоя кунанд. Дар Ҳолливуд бозигарон ва тими наворбардоронро ҳамарӯза аз ташхиси коронавирус хоҳанд гузаронд.

Нашрияи бритониёии The Sun навишт, ки эътилофи муҳаррирони касбии филмҳои Ҳолливуд дастур додааст, "лаҳзаҳои бӯсу канор" ё бояд аз сар навишта шаванд ва ё тавассути барномаҳои компютерӣ таҳия гарданд. Дар тамоми майдонҳои таҳияи филм бояд васоили ҳифзи сиҳатӣ мавҷуд бошад.

XS
SM
MD
LG