Ссылки доступа

Вакили пешини Қирғизистон бо айби ғайриқонунӣ сарват ҷамъ овардан ғоибона зиндонӣ шуд


Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек вакили пешини порлумон Аскарбек Шодиевро дар сарватандузии ғайриқонунӣ айбдор донист.

Вакили пешин дар ғорати 30 ҳазор доллари барои ҷоизаи ба номи Чингиз Айтматов ҷудошуда айдор шуд. Ғорати 30 ҳазор доллар дар соли 2018 сурат гирифта буд.

Шодиевро ғоибона ба 5 соли зиндон маҳкум ва аз ҳаққи ишғоли мансабҳои давлатӣ барои ду сол маҳрум карданд. Вай ҳамчунин бештар аз 800 доллар ҷарима шуд.

Аскарбек Шодиев, вакили чанд даъвати порлумон ва ноиб-сарвазири пешини Қирғизистон соли 2018 аз кишвар фирор кард. Ӯро дар пайгард қарор доданд. Додситонии куллии Қирғизистон нисбати вакили пешини бо моддаи "Сӯистифода аз мақоми хизматӣ" парванда боз кард. Ғорати 30 ҳазор доллари барои ҷоизаи ба номи Чингиз Айтматов ҷудошуда боиси кушодани ин парванда гардид. Баъдтар иттилоъ расид, ки вакили пешин як рӯз қабл аз кушодани парванда марзи давлатиро ғайриқонунӣ убур ва ба ИМА парвоз кардааст. Мақомот бо айби ғайриқонунӣ убур кардани марзи давлатӣ нисбати вакили пешин парвандаи дувумро таъсис доданд. Бо гузашти чанде мақомоти Қирғизистон хабар доданд, ки Аскарбек Шодиевро дар "Қонунигардонии даромадҳои аз роҳҳои ҷиноӣ бадастомада" низ айбдор мекунанд.

Дар тамоми ин муддат вакили пешин ҳамагӣ як маротиба нисбати парвандаҳояш изҳори назар кард. Вай гуфт, бо айбҳои эъломшуда розӣ нест.

XS
SM
MD
LG