Ссылки доступа

Неруҳои вижаи Қазоқистон гирдиҳамомадагони шаҳри Нур-Султонро боздошт карданд


Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон рӯзи 10 июн чанд тан аз фаъолон пушти дари намояндагии Иттиҳоди Аврупо ҷамъ ва раҳоии се фаъоли боздоштшударо талаб карданд.

Ҷамъшудаҳо дар даст аксҳои се фаъоли боздоштшударо доштанд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи он кишвар дар остонаи гирдиҳамои 6 июн се фаъолро боздошт ва аз 10 то 15-рӯзӣ ҳабси маъмурӣ карданд.

Афроде, ки пушти дари Иттиҳоди Аврупо ҷамъ шуданд, ибрози умедворӣ карданд, ки кишварҳои аврупоӣ талабҳои онҳоро хоҳанд шунид. Ҷамъшудаҳо ҳамчунин шиорҳои "Иттиҳоди Аврупо, бо мардуми Қазоқистон бош!" дар даст доштанд.

Аммо неруҳои вижаи пулиси Қазоқистон ширкатдорони гирдиҳамоиро боздошт ва ба идораи пулис бурданд.

XS
SM
MD
LG