Хадамоти ҳифзи тандурустии чанд аёлати ИМА аз афзоиши шумори беморони бистарии марбут ба коронавирус хабар доданд.
Дар аёлати Аризона 10 июн шумори рекордии гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Афзоиши шумори гирифторон дар ҳолест, ки ахиран дар маконҳои сайёҳӣ ҷамъшавии одамон мушоҳида шудааст.
Аёлати Техас, Флорида ва Кролинаи Шимолӣ ҳам аз афзоиши рекордии гирифторон хабар доданд.
Ба иттилои Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс, шумори умумии гирифторони COVID-19 дар ИМА ба 2 миллиону 464 кас расидааст. Дар он кишвар 113 ҳазор ҳолати марг аз ин вирус сабт шудааст.